АКС: Боздошти 5 тоҷик барои дуздӣ бо электрошокер
Мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбург 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки дар дуздӣ бо электрошокер ва таппончаи пневматикӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Екатеринбург аз боздоштшудагон электрошокеру таппонча мусодира шудааст ва аллакай онҳо гуноҳашонро иқрор кардаанд.
Ба иттилои манбаъ ин ҷавонон шаби 22 ба 23-юми сентябри соли равон аз мошини ВАЗ 2110 –ашон дар кӯчаи Уктусская фаромада, аз ҷавони қади роҳ бо таҳдиди элекрошокеру таппончаи пневматикӣ телефон ва маблағашонро талаб кардаанд: “Ӯ рад карда, рӯй ба гурез ниҳодааст, аммо ҷавононро ӯро таъқиб, латукӯб ва ғорат кардаанд.”
Раёсати умури дохилии Екатеринбург мегӯяд, бо нишондоди ҷабрдида, муттаҳамон зуд боздошт гардида, феълан тафтишоти парванда алайҳи онҳо ва иштирокашон дар ҳолатҳои дуздии дигар идома дорад.