Зафар Икромов, генерали тоҷик ва собиқ сармушовири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори додани унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини кишвар мебошад.
Икромов, ки ҳамчунин раҳбарии Сарраёсати умури дохилӣ дар солҳои 90-ум ва ҳамраисии Комиссияи назорати оташбас дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба уҳда доштааст, бегоҳи 25 сентябр, зимни суҳбаташ дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” изҳор дошт, “дар яке аз суҳбатҳо ба ман савол доданд, ки оё Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон сазовор аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон шавад? Ман посухи мусбат додам.”
Зафар Икромов дар идома афзуд, “имрӯз меарзад, ки атрофи чеҳраи сулҳофаринии устод Сайд Абдуллоҳи Нурӣ, одамоне, ки аз мухолифин буданд ва имрӯз берун аз чашми ҷомеаи мо монданд, суҳбатҳои хосса шавад. Аз ҳамаи онҳе, ки дар офаридани сулҳ нақши зиёд доранд, аз ҷумла аз мухолифин сипосгузорам ва дар куҷое, ки бошам хизмати арзандаи онҳоро метавонам қайд кунам. Чаро, ки сулҳ аз як ҷониб намешавад, он офаридаи ду ҷониб мешавад, ки дар сулҳи мо низ заҳмати ду ҷониб яке Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошад”.
Собиқ сармушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъалаи барканорияш аз мансаби давлатӣ низ дахл карда, аз бурду бохташ суҳбат намуд. Ӯ гуфт, аз барканорияш аз як тараф пушаймон аст, ки тамоми нерӯро то охир натавонист барои миллату давлат сарф кунад. Аз тарафи дигар илова намуд, ки замоне дар Дастгоҳи президент ба сифати сармушовир фаъолият мекард, ин масъулият ба ӯ имконияти дуруст намедод, ки ба таълиму тарбияи фарзандон дурусттар машғул шавад,: “Аз ҷониби дигар хурсандӣ дорам, ки ҳамаи фарзандҳоямро дар хориҷа хонондам. Аз президент ва дастгоҳ норозӣ нестам”.
Икромов мегӯяд, феълан ҳаёти шахсияшро пеш бурда истодааст: “Боғ дорам, мол дорам, ба касоне, ки ниёзманданд холисона кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонам”. ВИДЕОИ суҳбати Икромов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо":
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)