Пулиси мубориза алайҳи маводи нашъадори федератсияи Русия эълом доштааст, ки имсол амалиёти густурдаеро дар ҷумҳурии Афонистон дар амри ҷилавгирӣ аз ин «падида» ба анҷом мерасонад. Виктор Иванов, сардори идораи давлатии назорат аз болои маводи нашъадори ҷумҳурии Русия, дар як ҳамойиш дар шаҳри Кобул афзудааст, аммо ба пуррагӣ нобуд намудани ин «вабо»-и асри 21 заҳмату ранҷи чандинсоларо тақозо мекунад. Ба андешаи Иванов, аз замони мустақар шудани нерӯҳои низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон, қочоқчиён ва ё ба истилоҳ нашъаҷаллобон беш аз 10-триллион доллари амрикоӣ фоидаи соф ба даст овардаанд, истеҳсоли афюн бошад,дар ин муддат 10-ҳо маротиба афзоиш ёфтааст.
«Пули сурх»: Макони марги сиёҳ
Иванов гуфт, дар Афғонистон як пули машҳур бо номи Пули Сурх мавҷуд аст, ки ҳамарӯза зери он даҳҳо нафар аз нашъамандоне, ки дигар пули сиёҳе дар ҷайб надоранду барояшон дигар зиндагӣ маъное надорад, ҷамъ омада, ба воситаи сӯзандору ба ҷисмашон ҳероин ворид мекунанд. Гуфта мешавад, аксари эшон дар зери ҳамин пул бо ҳаёт падруд мегӯянд. Ба иқрори мардуми бумӣ, ин ҷо, дар Афғонистон 1-дозаи ҳероин ҳамагӣ 2-3-доллар қиммат дораду мӯътодон ин беморӣ афзудан мегиранд ва истеъмолкунандагонашро баъди 2-3-ҳафтаи «кайф» ба ҳалокат мерасонад. Бино ба гуфтаи «сокинон»-и таги Пули Сурх, ин ҷо на танҳо афғонҳо, балки ирониву покистониҳо ва «миҷоз»-они дигари нашъаманд низ омада маскан гирифтаанд. Ба иқрори ин нашъамандон, ҳолатҳои ба ҳалокат расидани нашъамандони таги Пули Сурх зиёд ба мушоҳида мерасад.
Тайи 10-соле, ки ҷангиёни амрикоиву ҳампаймонҳои онҳо аз Аврупо ба Афғонистон «ташриф» овардаанд, иқтисодиёти давлати исломӣ ва бахши кишоварзӣ дигар дар як ҷо пой мекӯбад. Дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои калонтарини мамлакат ҳадди аққал метавон бо кадом ҳунаре зиндагӣ карду рӯз гузаронид. Вале дар рустову устонҳои дурафтода ва кӯҳистони ин кишвар, ки аксаран замин моликияти қумондонҳои ҷангӣ ба ҳисоб меравад, деҳқонҳо дигар ба сифати ғулом аз ҷониби ин қумондонҳо дар заминҳои кишти афюн истифода бурда мешаванд ва тақрибан бемузду ройгон.
Ба андешаи Виктор Иванов ва дигар ширкатдорони ҳамойиши вижа ҳам, истилоҳи «дар Афғонистон барои деҳқон аз гандуму зироати дигари кишоварзӣ дида, афюн фоидаовартар аст», дурӯғи маҳз аст, ки аз ин «судхӯрҳо» истифода мекунанд. Масъулин ба ин боваранд, ки ҳар чӣ зудтар ва дар якҷоягӣ сари роҳи онҳоеро, ки заминашонро барои кишти афюн ба кор мебаранд, бояд гирифт ва ҳатман дар заминҳо кишти зироати кишоварзиро ба роҳ монд, то ҳам пеши роҳи истеҳсоли маводи мухаддира гирифта шаваду ва ҳам деҳқон фоидаи зиёдтар ба даст оварад ва сатҳи зиндагонии мардум баланд гардад.
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон дар майдони 130-ҳазор гектар афюн парвариш меёбад. Агарчӣ пулиси афғонӣ ҳамасола 3-4-ҳазор гектар аз ин заминҳоро мусодира ва нобуд месозад, аммо ҳамоно тиҷорати маводи мухаддир ҳеҷ не, ки коҳиш ёбад. Тибқи омори ғайрирасмӣ, соли 2011-ум нашъакорон ба миқдори беш аз 6-ҳазор тонна афюн истеҳсол карданианд. Қисмати зиёди он ба Русия ва Аврупо интиқол меёбад ва аз он ҷо ба дигар мамолик. Дар ҳамин ҳол, Кобули феълӣ гуфтааст, ки дар алоҳидагӣ қудрати барҳам задани ин аламро надорад.
Дом
Виктор Иванов дар пойини конфронси байнулмилалӣ эълом дошт, ки барои ҷилавгирӣ ва барҳам задани истеҳсоли маводи мухаддира зарур аст, ки аз шимоли Афғонистон қувваҳои низомии Тоҷикистон, аз шарқ Покистон ва аз ҷануб қӯшуни ҳарбӣ ва пулиси афғонро алайҳи нашъакорону нашъаҷаллобон истифода барем. «Дар ин сурат, як доме барои қочоқчиёни нашъа омода мегардад, ки барои маҳви онҳо заминаи мусоидро фароҳам меорад»,- хулоса кардаанд, коршиносони соҳа.
Аслиддин Достиев {jathumbnail off}