Истаравшанӣ аз СММ хост, Ислом Каримов муҷозот шавад
Саидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷики муқими Эрон, имрӯз, 25-уми сентябр бо ирсоли як нома аз Кумиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хостааст, омилони марги ҳамсараш дар зиндони Тошканд, аз ҷумла Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон муҷозот шавад.
Истаравшанӣ дар марги ҳамсараш Нилуфар Раҳимҷоноваи 37-сола, духтари домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, ки 11-уми сентябр дар зиндони мавсум ба "Зангиота"-и Тошканд фавтидааст, мақомоти тафтишотӣ, додгоҳ ва раисиҷумҳури Узбакистонро муттаҳам мекунад: “Талаби ман ин аст, ки парвандаи ин ҷинояти нобахшуданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ ва онгоҳ ин афроди ҷиноятпеша аз ҷумла шахси Каримов, дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ, ки ин кумиссиюн таъйин мекунад, муҳокима ва ҳукми муносиб ва муҷозот барояшон содир бишавад.”
Дар идома ин донишманди тоҷик таъкид мекунад, ки гарчанде ҳукми Каримов ва дигар дастандаркорон модари фарзандонашро барнамегардонад, аммо имкон медиҳад, ки “дигар ҳеч зан ва ё марде дар ин кишвар ба ноҳақ ва бо иттиҳоми дурӯғин, маҳкум ба зиндон ва дар он ҷо кушта нашавад.”
Нилуфар Раҳимҷонова, ки аз шаҳрвандии Узбакистон низ бархурдор буд, соли 2011 ба хотири иштирок дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба пойтахти ин кишвар сафар карда, бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт мешавад. Ба гуфтаи Истаравшанӣ, ӯ бо роҳнамоии муфаттишони узбак, ки ба ӯ мегӯянд, “бо ту коре надорем ва айби ту фақат “убури ғайри қонунии марз” аст, бигӯ, ту дар Эрон “омӯзиши низомӣ” дидаӣ ва ҳамсарат узви Ҳаракати Исломии Узбакистон аст ва туро ба Тошканд фиристода, то “амалиёти интиҳорӣ” дар яке аз нуқоти Тошканд анҷом бидиҳӣ! Нилуфар бовар мекунад ва тамоми он чӣ муфаттишон ба ӯ мегӯянд, иҷро мекунад. Дар натиҷа ӯ ба “терроризм”,“убури ғайриқонунии марз” ва “ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон” айбдор шуда, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон мешавад.” Раҳимҷонова рӯзи 11 сентябри соли равон дар зиндон фавтида, ҷасадаш рӯзи 13-ум ба наздиконаш супорида шудааст.