Фатвои Шӯрои уламо алайҳи "барангехтан"-и мардум зидди раҳбарон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, дар қарори ахири худ “барангехтани мардум алайҳи роҳбарон”-ро гуноҳи кабира хондааст.
Ин қарор дар ҷаласаи рӯзи 25 сентябри Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар содир шуда, дар он аз ҷумла омадааст, “барангехтани мардум бар зидди роҳбарони худ, ба вуҷуд овардани фитна бо мақсади ноором гардонидан ва аз байн бурдани сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа гуноҳи кабира ва азим мебошад”.
Шӯрои уламо ҳамчунин ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷию дохилӣ, гуруҳҳу аҳзоб ва ВАО-е, ки мақсадашон барҳам задани амну субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа мебошадро аз нигоҳи Ислом нораво хондааст. Инчунин аъзои шӯро ба печидашавии авзои сиёсию иҷтимоии бархе аз кишварҳои дунё ва ҷалб шудани ҷавонони тоҷик ба нооромиҳои давлатҳои хориҷӣ ишора карда, фатво додаанд, ки “ҷанг бо мусулмонон дар кишвари онҳо, иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳама давлатҳо гуноҳи кабира мебошад”.
Шӯро гуфтааст, онҳо дар пайи баррасии авзои сиёсию иҷтимоии бархе аз кишварҳои дунё, тавсеа ёфтани ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷангию равандҳои ифротгароёна, дар Шарқи Наздик, ки таҳти унвони ҷиҳод идома дорад, инчунин кӯшиши баъзе ашхос, ки барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ карда, дар миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянд, эътимоди мардумро аз раҳбаронашон коста мегардонанд, ба ин қарор омада ва таъкид кардааст, ҳар нафаре, ин фатворо нодида мегирад, ӯро ғазаб ва азоби дарднок дар рӯзи қиёмат интизор аст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)