ВИДЕО: Бо қиммат кардани нархи партов Душанбе тоза мешавад?
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки масъалаи боло бурдани нархи хизматрасонӣ барои партов (мусор) дар пойтахт омӯхта шавад. Ин дастур дар пайи баромади Гулнора Амиршоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ садо додааст. Амиршоева барои тозагӣ дар Душанбе боло бурдани нархи хизматрасонӣ барои партовҳоро пешниҳод кардааст.
Дар ҳоле, ки ӯ нархи партовро дар Душанбе аз арзонтаринҳо дар ҷаҳон хондааст, бисёре аз роҳгузарон дар пойтахт бар ин ақидаанд, ки боло бурдани нарх мушкили партовҳоро ҳал намекунад. Ба гуфтаи онҳо барои ҳалли мушкили партовҳо бояд сифати хизматрасонӣ ва масъулиятшиносии мақомот бештар шавад. Аммо қисми дигаре аз мусоҳибон изҳор доштанд, ки барои тозагӣ омодаанд, маблағи бештар диҳанд:
Феълан нархи партов барои ҳар сокини биноҳои то 5 ошёна 1 сомонию 80 дирам аст. Барои сокинони биноҳои то 9 ва 16 ошёна, ки партовгоҳҳои дохилӣ доранд, ин нишондод ба 2 сомонию 20 дирам аз як нафар муайян шудааст. Ҳар сокини хонаҳои шахсӣ барои берун кардани партов ҳар моҳ 2 сомонию 60 дирам пардохт мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)