Мутахассиси 44-солаи тоҷик аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Диловаршоҳ Орзуев, довари 44-соларо барои иштибоҳоташ аз ҳаққи доварӣ дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон- 2014 маҳрум сохт. Торнамои ин ниҳод хабар медиҳад, ҳамчунин Орзуев ба пардохти 400 сомонӣ муваззаф шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ ҳангоми доварии дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ба 3 иштибоҳ роҳ додааст. Ин қувваозмоӣ дар доираи даври 13-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд ва тибқи иттилои ФФТ, ба сабаби хатоии довар, дастаи “Парвоз” аз ду зарбаи ёздаҳметра маҳрум шудааст. Қаблан, ФФТ хабар дода буд, ки сатҳи доварии Диловаршоҳ Орзуевро барои ин дидор “ғайриқаноатбахш” эътироф кардаанд.