Аз баҳси ҳаққи пахтачинҳо то омодагӣ ба Наврӯз дар ҷаласаи раиси Суғд
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз коҳиш ёфтани теъдоди пахтачинҳо дар шимоли кишвар нигаронӣ карда, ба ҷамъоварии саривақтии пахта ва омодагӣ ба зимистону ҷашни Наврӯз дастур додааст.
Ӯ рӯзи 24 сентябр дар машварати кории худ бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилояти Суғд гуфтааст, теъдоди пахтанчинҳо нисбат ба соли гузашта дар вилоят 21 ҳазор нафар кам шудааст. Қодирӣ дар идома ба нархи пахта дахл карда, аз роҳбарияти навоҳии пахтакор ва мутасаддиёни соҳа хостааст, ба ҷамъоварии пахта суръат бахшида, ба ҳар килои чидашудаи он на камтар аз 50 дирам ҳакгузорӣ кунанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд менависад, Абдураҳмон Қодирӣ инчунин масъулини ин минтақаро барои омодагӣ ба фасли сармо, аз ҷумла ташкили гармхонаҳои нигаҳдории меваю сабзавот ва тайёрӣ ба ҷашни Наврӯз муваззаф кардааст.