Боздошти "дуздон"-и пахтаи Тоҷикистон дар Латвия баъди дахолати Раҳмон
Мақомоти пулиси Латвия мегӯянд, ба иттиҳоми дуздии пахтаи Тоҷикистон, ки арзишаш 9 миллион евроро ташкил медиҳад, 4 нафарро боздошт намудаанд.
Том Садовскис, намояндаи расмии пулиси давлатии Латвия бо тасдиқи ин хабар ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, аллакай нисбати ду нафарашон расман айбнома эълон гардидааст. Ӯ мегӯяд, пулиси Латвия ариза дар бораи дуздии пахтаи Тоҷикистон ба маблағи 9 миллион евроро охири баҳори соли равон гирифта буд.
Ба иттилои мақомоти пулиси Латвия дастандаркорон, пахтаи Тоҷикистонро бо асноди тақаллубӣ оиди иваз шудани соҳиби мол медуздидаанд: “Пулис баъди чанд моҳи бозҷӯӣ дар Рига ва Юрмала чор нафарро боздошт намуд ва ду нафарашон-як зани 46 сола ва як марди 49-сола расман айбдоршаванда эълон шуданд.”
Қаблан расонаҳои Латвия хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои латвиягияш-Андрис Берзинш хостааст, барои ёфтани пахтаи гумшуда муосидат кунад.
Пештар арзиши ин бор аз Тоҷикистон ҳудуди 13 миллион евро арзёбӣ мешуд ва Андрей Гришин, раҳбари пулиси криманалии Рига дар шарҳи ин ҷиноят гуфт, “он солҳои пеш содир шудааст, аммо пулис ариза дар ин бора охири майи соли равон гирифтааст. Ин ҷинояти хеле печидаи иқтисодист, аммо дар дурнамо эҳтимоли ошкоршавии он вуҷуд дорад.”
Пахта ва алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Латвия буда, аз ин кишвар ба ватани мо доруворӣ, сӯзишвории минералӣ, маҳсулоти ширу гӯштӣ ва чӯб ворид мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)