баргард
чоп кардан
Тоҷикон дар миласозӣ бо арабҳо вориди сабқат мешаванд?
Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Арабистони Саудӣ бо бунёди баландтарин милаи парчам ба дарозии 171 метр, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Акнун давлати Саудӣ бо парчами баландтаринаш аз Тоҷикистон пешсаф аст.
Шавкат Шарипов
, райиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мегӯяд, дар “байрақсозӣ” арабҳо аз мо гузаштанд, акнун бояд барои дар риштарошиву ҳиҷобкашӣ пеш гузаштан талош кунанд:
“Инро агар тавонистанд, навбати чӣ қадар бисёр руҳониҳоро порнореклама кардан мерасад. Мебинем, арабҳо дар ин ҷода аз мо пеш гузашта метавонанд ё на. Агар натавонистанд, дигар зӯри беҳуда назананд”
.
Файзинисо Воҳидова
, ҳуқуқшиноси тоҷик муътақид аст, бунёди парчамҳои баландтарин сарфи беҳудаи маблағ асту ҳеч моҳият надорад. Ба таъкиди ин коршинос, парчам бояд ҳамчун рамзи давлатӣ бошад ва рақобати кишварҳо дар мавриди бунёди парчами баландтарин бемаънигист.
“Фикр намекунам, баъди Арабистони Саудӣ Тоҷикистон барои боз баландтар сохтани милаи парчам иқдом кунад”.
Бахтиёри Ҳамдам
, сардабири нашрияи “Минбари Халқ” мегӯяд, кӯчактарин парчами кишвар барояш аз баландтарин байрақи кишварҳои дигар маҳбубтар мебошад. Аммо ӯ бар ин аст, иқдоми парчамсозиҳо барои боло бурдани ғурури миллии шаҳрвандон гирифта мешавад:
“Ин гуна иқдом ба хотири бедор кардани эҳсоси миллии мардуми кишвар, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳо анҷом дода мешавад. Парчами бузург ҳаргиз нишони даъвои бузургманишӣ, иқтидор ва ё афзалият аз дигаронро надорад”
.
Сурадҷ Назаров
, як муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфт, беҳтар аст ҷойи сохтани баландтарин парчам, корхона ё кадом иншооте сохта шавад, ки нафъаш ба мардум бештар мерасад.
“Барои халқи мо корхонаҳои тавлидотӣ даркор аст, на парчам. Бояд корхонаҳои тавлидотӣ созем, то як каме ҳам бошад, шаҳрвандонамонро аз муҳоҷират баргардонем”
,-меафзояд ӯ.
Ҳарчанд ҷойи номи кишвари моро дар китоби Гиннес вобаста ба баландтарин милаи парчам “танг” карданд, аммо исми Тоҷикистон бо шарофати “мағзҳо”-и пухтааш ҳамеша хабарсоз боқӣ монда, ҳатто дар раддаҳои аввал қарор хоҳад гирифт. Мавзӯи риштарошӣ, ҳиҷоб ва пахши “секси муллоҳо” дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳанӯз дар “мӯд” аст ва гумон аст, кишвари дигаре дар ин росто аз Тоҷикистон пеш гузарад. Ё, дуруғ гуфтам?
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)