Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира шудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Агенти назорат аз болои маводи нашъадор иттилоъ доданд, аснои тафтиши чипта ва қайди мусофирон, ки ба хатсайри Душанбе-Маскав парвоз карданӣ буданд, мусофири 35-сола (сокини шаҳри Душанбе), ки қаблан бо моддаи 228-и Кодекси ҷиноӣ суд шуда буд, бо гумони қочоқи маводи нашъа боздошт гардид. Дастгиршуда ҳадаф дошт, ки дар меъдааш ба Русия бори марговар- яъне нашъа интиқол диҳад.
Манбаъ афзуд, баъди овардан ба бинои агентӣ аз боздоштшуда бо роҳҳои табиӣ 113 ғилофаки пур аз маводи мухаддир берун оварда шуд, ки мутобиқи хулосаи лабораторияи ташхиси судӣ онҳо маводи навъи ҳероин буда, вазни умумиашон 700 граммро ташкил дод. Аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии агентӣ мутобиқи моддаи 200, моддаи 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Феълан дастгиршуда дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}