Нашри санади тақсими қудрат миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон мегӯяд, санади тақсими симматҳои ҳукуматӣ миёни раиси ҷумҳур ва раиси иҷроиро дарёфт ардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин санад ба забони инглисӣ таҳия шуда, бар асоси он, шохаи иқтисодии ҳукумат аз сӯйи Ашраф Ғанӣ ва муовини раиси иҷроӣ раёсат хоҳанд шуд. Вазири молия аз ҷониби Ашраф Ғанӣ ва муовини гумрукот ва авоид (даромадҳо) аз сӯйи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба кор гумошта хоҳанд шуд.
Дар ин санад, Вазорати иқтисод, шаҳрсозӣ, маъдан ва питролиум, тиҷорат ва саноеъ нақлиёт ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ таалуқ мегирад ва вазирони ин ниҳодҳоро ӯ таъин хоҳад кард. Вазоратҳои эҳё ва инкишофи деҳот, зироат ва молдорӣ, энержӣ ва об, қавоиди омма ва мухобирот ба Ашраф Ғанӣ таалуқ доранд. Ба ин тартиб, Ашраф Ғанӣ шаш курсӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ панҷ курсӣ аз вазоратҳои бахши иқтисодиро дар даст хоҳанд дошт.
Раиси бонки марказии Афғонистон низ аз сӯйи Ашраф Ғанӣ муарифӣ хоҳад шуд. Ин санад ҳамчунон нишон медиҳад, бахши амнияти миллӣ аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ё муовинаш раёсат хоҳад шуд ва шомили раёсатҳои умури хориҷа, Вазорати дифоъ, Вазорати дохила, Вазорати сарҳадот ва қабоил ва Вазорати мубориза бо маводи мухаддир мебошад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ду номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон баъди музокироти тӯлонӣ зери санади ҳукумати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин тавофуқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ курсии нави раиси иҷроӣ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай симмати раиси ҷумҳурро соҳиб шуданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)