Карзай аз ҳукумати нави Афғонистон хост бо Ғарб эҳтиёткор бошанд
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури феълии Афғонистон, ки қарор аст, ҳафтаи равон қудратро ба ҳамтои наваш вогузор кунад, дар нооромии кишвараш Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистонро айбдор карда, аз ҳукумати нав хостааст, бо Ғарб эҳтиёткор бошанд.
Карзай гуфтааст, сулҳу субот дар Афғонистон ҳукмфармо нахоҳад шуд, чун онро ба гуфтаи ӯ, ИМА ва Покистон намехоҳанд: “Яке аз сабабҳо ин аст, ки Амрико суботро намехоҳад, зеро онҳо ҳадафу нақшаи худро доранд.”
Карзай дар идома афзудааст, Покистон низ дар нооромшавии Афғонистон даст дошта, мехоҳад, сиёсати хориҷии кишварашро идора кунад: “Бори дигар мехоҳам, гӯшзад кунам, ки ҷанг дар Афғонистон, ҷанги мо нест. Онро ба мо таҳмил кардаанд.”
Ин суханҳои Карзай дар ҳолест, ки рӯзи 21 сентябр ду номзади интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай тавофуқнома дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро имзо карданд. Тибқи ин тавофуқ, Ашараф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ, мақоми раёсати иҷроиро ба душ хоҳанд дошт.