Дархости муҳоҷири тоҷик аз мақомот барои раҳоияш аз боздоштгоҳи Русия
Нуриддин Шарипов, муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки наздик ба як моҳ мешавад дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Подолски Русия қарор дорад, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мекунад, дар раҳоияш мусоидат намоянд.
Нуриддин Шарипов дар суҳбати телефоние ба “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи ҳамсараш шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳуҷҷатҳояшон низ дуруст аст, аммо мақомоти пулис барои дар қайди Подолск набудан, ӯро аз манзили зисташ дастгир ва дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд. “Мо ба наздикӣ аз дигар ноҳия ба ин ҷо кӯчидем. Як рӯз ментҳо ба хона даромада, дастони маро бастанду бурданд. Муносибаташон ҳам хеле дағал буд”,-мегӯяд ӯ.
Ҷаноби Шарипов афзуд, вақте боздошт шуд, 2 фарзандаш бемор буд. Ӯ мегӯяд, дар ин муддате, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад, намедонад хонаводааш дар чӣ ҳолате ба сар мебаранду аз куҷо хӯрок дарёфт мекунанд. “Дар ин боздоштгоҳ касе ба доди мо намерасад, ҳар рӯз интизорем, ки ягон гапи нав шавад. Вақте маро назди суд бурданд, гуфтам, ки шаҳрвандии Русияро дорам, суд гуфт, ҳамсаратро биёр баъдан шуморо ҷарима мекунему ҷавоб медиҳем. Вақте ҳамсарамро даъват кардам, ӯро нагузоштанд судяро бубинад. Маро бошанд, мисли гов кашола карда, боздоштгоҳ бурданд”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли Нуриддин Шарипов, дар боздоштгоҳе, ки қарор дорад, муҳоҷирони тоҷик зиёданд ва аксари онҳо мегӯянд, бидуни ҳеч далел дастгир шудаанд. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш кард, барои раҳойии ӯ ва дигар ҳамватанон аз боздоштгоҳ кӯмак намоянд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)