Расулзода дар бораи оби фаровону бебарқии тоҷикон ва аҳамияти нерӯгоҳҳои бузург
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти СММ оид ба тағйири иқлим дар Ню-Йорки Амрико, таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро зарур хондааст. “Аз ин имкон истифода карда, иштирокдорони муҳтарамро барои амалисозии ташаббуси Тоҷикистон дар самти таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо даъват мекунам. Ин иқдом нерӯи ҷомеи ҷаҳониро барои омӯзиш ва мониторинги ҳолати пиряхҳои куҳӣ дар минтақаҳои гуногун муттаҳид месозад. Мо умедворем, ин пешниҳод ҷонибдор пайдо мекунад”,-афзудааст нахуствазири Тоҷикистон.
Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, дар Осиёи Марказӣ, ки обҳо аз қисме аз кишварҳои минтақа сарчашма гирифта, аксари онро ҷумҳуриҳои дигар истифода мебаранд, кайҳост ба тартиб додани як нақшаи умумии минтақавӣ барои мутобиқат ба тағйироти иқлим пеш омадааст: “Бо суръати баланд об шудани пиряхҳо ин ниёзро бештар мекунад” . Ба гуфтаи нахуствазири Тоҷикистон, омӯзишҳо нишон додаанд, ки аз соли 1956 то 1990 масоҳати пиряхҳо, ки манбаи асоси об ҳастанд, дар минтақа се маротиба хурд шудааст. Ӯ афзуда, “мувофиқи ҳисоботи тахминӣ пиряхҳои Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир 30 дар сад кам шудаанд”.
Ба иттилои нахуствазири Тоҷикистон, тайи шаст соли ахир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон ба як дараҷа зиёд шуда, рӯзҳои боронӣ ҳам бештар гардидааст. Бо ин ҳол ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, Тоҷикистон аз рӯйи хориҷ кардани газҳои гулхонаӣ дар ҷойи 150 қарор дошта, аз кишварҳое маҳсуб мешавад, ки аз ҳама кам ин газро хориҷ мекунанд: “Хориҷшавии газ ба ҳисоби сарикасӣ дар Тоҷикистон аз нишондоди миёнаи ҷаҳонӣ даҳҳо маротиба кам буда, дар Осиёи Маркази дар ҷойи охир аст”.
Дар идома сарвазири кишвар гуфтааст, истифодаи васеи манобеи барқароршавандаи энергия, истифодаи гидроэнергетика ҳамчун манбаи барқ иқтисод ва иҷтимоиёти кишварҳоро пеш бурда, барои дар сатҳи поин нигоҳ доштани ҷудошавии газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Ӯ гуфтааст, гидроэнергетика зербинои асосии энергетика дар Тоҷикистон буда, 98 дар сади нерӯи барқ дар неругоҳҳои барқӣ обӣ тавлид мешавад. “Ба ин нигоҳ накарда, ҳамасола дар таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ мушкил дорем. Як бахши аҳолии Тоҷикистон танҳо 6-7 соат дар шабонарӯз барқ мегирад”,-афзудааст нахуствазир.
Қоҳир Расулзода зарфияти солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистонро 527 миллиард киловат гуфтааст, ки аз ниёзи кунунии Осиёи Маркази се маротиба бештар мебошад: “Имрӯз танҳо чор дар сади ин зарфият истифода мешавад. Истифодаи зарфиятҳои гидроэнергетики натанҳо мушкили энергетикаро дар дохили кишвар ҳал мекунад, балки барои ҷавоб додан ба талаботи зиёдшаванда ба нерӯи барк дар минтақа бо кам кардани ҷудошавии газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки 70 дар сади нерӯи барқ дар минтақа дар ТЭЦ-ҳо тавлид мешавад”.
Ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, рушди комплексии гидроэнергетика ҳамроҳ бо истифодаи дигар намуди энергияи барқароршаванда натанҳо миқдори нерӯи барқро зиёд мекунад, балки ба устувории системаҳои энергетика ва кам кардани газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти экологӣ нақши калидӣ дорад.
“Дар асоси гуфтаҳои боло Тоҷикистон қадам ба қадам дар асоси истифодаи ҳамаи манобеи барқароршаванда зарфияти обии худро тавсеа мебахшад. Дар баробари сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд ва миёна Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои НБО-ҳои бузургро омода кардааст, ки барои таъмини бехатарии об ва энергия дар минтақа мусоидат менамояд. Дар баробари таъмини идораи ҷараёни дарёҳо барои муддати дароз ва фаслҳои гуногун, обанборҳои чунин НБО-ҳо сел ва фаромадани ярчро пешнигирӣ намуда, хатари хушксолиро камтар мекунад. Мушоҳида мекунем, ки тағйироти иқлим ба миқдор ва сифати манобеи оби тоза таъсири манфӣ дорад”,-изҳор доштааст ӯ.
Қоҳир Расулзода, инчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки Ассамблеяи генералии СММ барои ҳали мушкили иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ талоши бештар хоҳад кард.
Нишасти СММ оид ба тағйири иқлим 23 сентябр бо иштироки раҳбарон ва нахуствазирони 125 кишвар дар Ню-Йорк баргузор шуд. Ҳадафи аслии он ба имзои созишнома оид ба иқлим ва партоби “газҳои гулхонаӣ”моил кардани кишварҳои аъзои СММ гуфта мешавад. Қарор аст, созишномаи мазкур соли 2015 дар Париж имзо шавад.
Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар субҳи 20 сентябр ба Ню-Йорк рафт. Тавре хабар дода шуд, ӯ дар иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии СММ аз номи райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)