Душанбе: Маҳкумияти мошиншӯй, ки бо мошини мизоҷаш фирор кардааст
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, як сокини 21-солаи ноҳияи Фархорро, ки дар Душанбе ба мошиншӯйӣ машғул будааст, ба 7 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Додгоҳи мазкур охири ҳафтаи гузашта бо пахши як иттилоия гуфт, маҳкумшуда мошини Мерседеси як муштарияшро гирифта, боиси сар задани се садама дар пойтахт шудааст: “Мизоҷи нуқтаи шустушӯйи мошинҳо Мерседесашро ба ҷавон дода, хоҳиш мекунад, ки баъди анҷоми шустушӯй мошинро дар таваққуфгоҳи назди нуқтаи мошиншӯӣ гузорад. Аммо ин ҷавон аз боварӣ сӯиистифода карда ба сайругашти шабона ба хиёбонҳои Душанбе мебарояд.”
Ба иттилои манбаъ ин ҷавон бо суръати баланд дар болои кӯпрӯк дар кўчаи Саъдӣ Шерозӣ бо Опел-Вектра бархӯрда, ҳаракаташро давом дода, назди бинои «Шарқи озод» ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи хизматии корманди БДА бармехӯрад: “Ӯ ҳаракаташро давом дода, ба симчўби барқии канори роҳ бархўрдааст ва баъдан аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.”
Додгоҳи Фирдавсӣ ҳаҷми зарари моддии соҳиби автомашинаи Мерседесро беш аз 9440 сомонӣ ва автомашинаи хизматии корманди БДА-ро на кам аз 5968 сомонӣ арзёбӣ мекунад.
Манбаъ мегӯяд, мошиншӯйи фирорӣ аз ҷониби кормандони милиса дар маҳаллаи 46-ум боздошт шуд ва додгоҳ дар пайи баррасии қазия ӯро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.