Муҳиддин Кабирӣ гуфт, "тухмшапак" рабте ба мардуми Кӯлоб надорад
Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) 23 сентябр дар доираи як сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун вакили парлумон бо сокинони ин минтақа дар толори ҳукумати шаҳр ва дафтари ҲНИТ мулоқот кардааст. Райиси ҲНИТ ҳадафи аслии боздид ва мулоқоташ бо сокинон шаҳри Кӯлобро аз байн бурдани нофаҳмиҳое, ки дар пайи сафари қаблияш ба миён омад, арзёбӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, бархе сокинони Кӯлоб бо ӯ тамос гирифтаву гуфтаанд, аз мавриди ҳамла қарор гирифтанаш дар ин шаҳр хиҷолатзада мебошанд ва таъкид кардаанд, ин кор ҳеч рабте ба онҳо ва мардуми ин минтақа надорад. “Мо ҳам барои аз байн бурдани ин зеҳният омадему хостем, исбот кунем, ки миёни мо ва бародарони муқими шаҳри Кӯлоб ҳеч мушкиле вуҷуд надорад. Аз аввал маълум буд, ки ин амал ҳеч рабте ба мардуми Кӯлоб надошту баъзе гуруҳҳо онро тарҳрезӣ карданд, ки хушбахтона ба ҳадаф нарасиданд. Миллат, аз ҷумла мардуми Кӯлоб дигар ин гуна амалҳоро қабул надорад”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
10 июни соли ҷорӣ баъд аз суҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб, ки дар ҳавлии раиси дафтари ҲНИТ дар минатқа баргузор шуд, гуруҳе аз сокинон бо тухму помидор ба онҳо ҳамла оварданд. Бо гузашти чанд рӯз, корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навореро дар интернет гузоштанд, ки дар он як сокини шаҳри Кӯлоб мегуфт, ба ӯ тухму помидор додаанд, то ба райиси ҲНИТ ҳамла кунад, вале ин корро накардааст: “Ман дар ҳаётам ин корҳоро накардааму намекунам. Гарданамро мебураму ин корро намекунам”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)