Ифшои қасди таркондани таксӣ бо норинҷак дар Душанбе
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як зодаи 50-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки бо таҳдиди таркондани норинҷак аз ронандаи таксӣ дар пойтахт маблағ талаб кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод ба мақомоти пулис Қодирҷон Султонов, сокини 53-солаи маҳаллаи Яккачинор муроҷиат карда, арз доштааст, ки 19-уми сентябр тақрибан соати 10:30 дақиқа, шахси номаълум ба курсии пеши мошини «Опел-сатурн»-аш нишаст, бо норинҷак таҳдид карда маблағ талаб намудааст: “Онҳо ба самти хонаи ин ронанда ҳаракат кардаанд, аммо вақте таҳдидкунанда дидааст, ки дар назди бинои истиқоматӣ одамони зиёд ҷамъ омадаанд, ҷои ҳодисаро бе гирифтани маблағ тарк кардааст.”
Ба иттилои манбаъ барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи махсус ташкил гардид ва рӯзи 21-уми сентябр шаҳрванд Бозоров Алихон, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади Душанбе боздошт гардида, аз ӯ далели шайъӣ-як адад норинҷак мусодира карда шуд.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.