Ширкати тоҷикистонии «Ҳасан- Ко» ният дорад, 15 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рўдакӣ, корхонаи тавлиди сўзишвориро таъсис диҳад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» хабар доданд.Манбаи хабар, иқтидори солонаи корхонаро 12 000 тонна ва арзиши умумии лоиҳаро 7,2 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард. Гуфтанист, ширкати «Ҳасан Ко» омода аст, ба ин лоиҳа 4,2 миллион доллар сармоягузорӣ кунад ва барои дарёфти 3 миллион доллари боқимонда дар ҷустуҷўи сармоягузор қарор дорад. Масъулини ширкат бовар доранд, ки лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон, дар давоми чор сол тамоми хароҷоташро рўпўш мекунад.
Айни ҳол маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, асосан Русия ворид мешавад. Расман талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ ҳудуди 600 ҳазор тонна арзёбӣ мегардад.{jathumbnail off}