Маъруф Турсунов, як сокини узбактабори деҳаи Маданияти Тоҷикистон дар барномаи ахири “Поле чудес” дар шабакаи аввали телевизиони Русия иштирок карда, ба Леонид Якубович, барандаи барнома дар баробари меваҳои хушки Тоҷикистон инчунин ҷорубу оби боронро тақдим намуд.
Турсунов зимни муаррифияш дар барнома, ки рӯзи 19-уми сентябр пахш шуда буд, изҳор дошт, ки ба ҳайси кӯчарӯб дар Санкт Петербург кор мекунад. Ба гуфтаи Леонид Якубович ӯ нахустин кӯчарӯбест, ки дар давоми 20 соли охир меҳмони ин барнома шудааст.
Дар пайи тақдими меваҳои хушк ва тоқӣ, ки ба гуфтаи Турсунов ҳам узбакӣ асту ҳам тоҷикӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Яқубович оби боронро туҳфа кард, ки дар давоми кораш дар Санкт Петербург ҷамъоварӣ намудааст. Турсунов дар хитоб ба Якубович гуфт, “Санкт Петербург бо боронҳояш маъруф аст ва чун аксари вақти кориямро таги борон мегузаронам, барои Шумо оби борон ҷамъ кардам.”
Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Якубович, ки бо ханда афсонаи “Нахӯр аз оби кӯлмак”-ро зикр кард, изҳор дошт, ки оби борони овардааш шифобахш аст.
Дар ниҳоят Маъруф Турсунов дар хитоб ба наздиконаш ва дигар сокинони Тоҷикистону Узбакистон гуфт, “саломи оташини худро аз майдони муъҷизаҳо ба Шумо мерасонам!” ВИДЕОИ барномаи “Поле Чудес” бо иштироки Маъруф Турсунов