Сокини шаҳри Вашингтон Райан Креймер ҳамакнун фаҳмидааст, ки ҳудуди 150 додару хоҳар доштааст.
«The New York Times», нашрияи чопи Амрико менависад, модари Райан, Синтия 7-сол муқаддам барои ҳомила гаштан аз спермаи донорӣ истифода бурдааст. Баъди таваллуд ва калон гаштани писараш, Синтия донистан мехоҳад, ки писари ӯ додар ва ё хоҳар дошта бошад? Ҳангоми пурсуҷӯ, ба қавле ҳуш аз сари модар паридааст. Пажӯҳиш маълум кардааст, ки писари ӯ 150 апаву додари дигар доштааст. Ҳамаи ин кӯдакон аз ҳормонҳои як падари биологӣ ба дунё омадаанд. Тибқи қавонини мавҷудаи Амрико донистани фарзандони аз як донор ба дунёомада ягон мушкилие надорад, зеро ба ҳар як марди донор рақами мушаххас дода мешавад. Хонуми Синтияи амрикоӣ гуфтааст, ҳамаи кӯдакони моро якбора ва якҷоя дидан ваҳмангез аст, зеро онҳо ҳамагӣ тақрибан ба як суратанд.
Гуфтанист, дар Амрико кам нестанд оилаҳое, ки кӯдаконаш аз «донорпадарҳо» ба вуҷуд омадаанд ва то 50 ва аз он ҳам зиёд бародару хоҳар дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, қазияи Райан коршиносони амрикоиро ба андеша водор кардааст. Зеро дар ин кишвар хонумони зиёде ҳаваси таваллуд кардан ва ба воя расондани фарзандони «сунъӣ»-ро мекунанд. Дар натиҷа, аксари эшон ноогаҳ ва ё бефарқ аз як донор истифода мебаранд ва «фарзандони як падари биологӣ» ё худ «тифлони бонкагӣ» афзудан мегирад ва бехабар аз табори худ, дар оянда метавонанд бародару хоҳар оила бунёд карда, зану шавҳар шаванд.{jathumbnail off}