Роҳхати Тоҷикистон ба даври 1/8 ниҳоии Бозиҳои Осиё
Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) дар дидори сеюмаш дар доираи мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои Осиё, тими Умонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифт.
Муаллифи голи ягонаи ин дидор Ҷаҳонгир Эргашев буд, ки дар охирин лаҳзаҳо тӯбро вориди дарвозаи ҳариф сохт. Ҳамин тариқ футболбозони тоҷик баъди се бозӣ 6 имтиёз гирифта, ҳамроҳ бо Фаластин ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанд. Дар ин давр рақиби Тоҷикистон яккачини Ироқ хоҳад буд.