Насби ҳайкал барои муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Маскав
Департаменти мероси фарҳангии Маскав қарор кардааст, дар маҳаллаи маъруф ба ВДНХ барои муҳоҷири тоҷик ҳайкал гузорад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, қарор ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнат ва саҳми тоҷикон дар ободии Маскав қабул шуда, ташаббускорони асосии он сокинони муқими Маскав будаанд.
Лоиҳаи ин ҳайкал, ки аллакай дар Галлерияи санъати Зураб Серетели таҳия шудааст, як коргари оддии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар роҳрави Маскав ба санггузорӣ машғул аст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҷомеаи фаъоли шаҳрвандии Тоҷикистон низ борҳо бо пахши изҳоротҳо аз мақомоти тоҷик хостанд, дар шаҳри Душанбе барои муҳоҷир ё муҳоҷирони тоҷик ҳайкал гузошта шаванд. Тарафдорони ин иқдом мегӯянд, муҳоҷирон иқтисоди Тоҷикистонро мечархонанд ва месазад барои онҳо ҳайкал гузошт. Феълан расман теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллиард доллари амрикоӣ интиқол медиҳанд.