Эълони ҳукми раҳбари “сарбурон”-и Салоҳиддин Азизов ба таъхир афтод
Додгоҳи шаҳри Маскав эълони ҳукми Никита Тихонов, яке аз роҳбарони ташкилоти миллатгароёнаи “Созмони ҷангии миллатгароёни рус”-ро, ки имрӯз, 22-юми сентябр дар назар буд, то 24-уми сентябр ба таъхир гузоштааст.
Тихонов ба даҳҳо куштор аз сӯйи зертобеонаш иқрор шуда, аз ҷумла эътироф кардааст, қатли пурсарусадои шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 низ кори дасти гуруҳи ӯст.
Никита Тихонов, ки қаблан барои куштори ҳуқуқшинос Станислав Маркелов ва рӯзноманигор Анастасия Боборова ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, бо мақомоти тафтишотӣ ба созиш омада, ҷиноятҳои нави гуруҳашро эътироф кардааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, гуруҳи зертобеи Тихонов аз миёнаҳои соли 2008 то моҳи марти соли 2011 дар куштори додрас Эдуард Чувашов, вакили дифоъ Станислав Меркелов, ҳомиёни ҳуқуқ-Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, Иван Хуторский, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси таиландӣ Муслим Абдуллоев, узви гуруҳи “Черние ястреби” Расул Халилов ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов даст доштаанд. Барои ҷиноятҳои нав додситонӣ барои Тихонов 20 соли зиндон ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ҳабси якумраро талаб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи тафтишотӣ аз анҷоми таҳқиқи парванда алайҳи Иля Горячев, саркардаи дигари ин гуруҳи ҷиноӣ ва дастандаркори ҷиноятҳои зикргардида хабар дода, афзудааст, ки он ба додгоҳ ирсол мегардад.
Куштори Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири меҳнатии 20-солаи тоҷик аз ноҳияи Шаҳритус, ки ба таври ваҳшиёна сараш аз тан ҷудо шуда буд, моҳи декабри соли 2008-ум дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)