Боздошти се афсари “арақхӯр” барои марги Фаррух дар идораи пулис
Хадамоти амнияти дохилии вилояти Маскав аз боздошти се афсари шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорск хабар дод, ки дар марги Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, як майор, сардори шуъбаи куфтукови ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон боздошт гардидаанд. Ба иттилои манбаъ ин афрод Фаррухро ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт карда, мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохта, кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд.
Дар наворҳҳои видеоӣ лаҳзаи ба шуъба овардани ин муҳоҷири тоҷик сабт шуда, сабтҳои дигар тоза карда шудаанд. Табибон мегӯянд, бинию қабурғаи Урозов шикаста, пардаи гӯшаш дарида будааст. Тибқи иттилои пешакӣ дастандаркорони ин қазия дар лаҳзаи боздошт ва латукӯби муҳоҷир дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Ҷасади Фаррух Урозов, зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор будааст, ба зодгоҳаш интиқол дода шуда, дафн гардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)