Дастури Раҳмон дар бораи даъват ва интихоби дақиқи наваскарон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, “моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват карда шаванд."
Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки масъулин зимни интихоби наваскарон дақиқкор бошанд: “Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд.”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)