- Хатари аслӣ он аст, ки аксари кулли муҳоҷирон ба бемориҳои сироятӣ, аз қабили сил ва ВИЧ мубтало ҳастанд. Шаҳрдориро зарур аст, ки оиди ошкор кардани беморон ва рафъи он чораҳои махсус бубинад. Бояд марказҳои ташхис ва ошкори чунин мухоҷирини бемор таъсис бишаванд, -иддао дорад, узви Палатаи чамъиятии Русия Евгений Ачкасов.
Дар ҳамин ҳол, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Мигратсияи асри 21» Вячеслав Поставин аз сӯи кордиҳанда пардохт нашудани ҳақи суғуратҳои иҷтимоиву тиббии мухоҷиринро мушкили аслии аз табобат берун монадни муҳоҷирин медонад. Ӯ гуфтааст, шаҳрдорӣ ва мақомотро ба ҷои боз ҳам мушкил кардани будубоши муҳоҷирон зарур аст, то бо кордиҳандагон дар мавриди пардохти ҳақи андоз ва суғуртаҳои тиббиву иҷтимоии муҳоҷирин тасмимҳои ҷиддитар бигиранд.{jathumbnail off}