Нахуствазир барои аз номи президент сухан кардан ба Ню-Йорк рафт
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон субҳи имрӯз, 20 сентябр ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 69-уми Маҷмааи умумии Созмони миллали муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Амрико рафт.
Қоҳир Расулзода дар иҷлосияи мазкур аз номи райиси ҷумҳур суханронӣ хоҳад кард. Ба иттилои расмӣ, ҳамчунин нахуствазири кишвар аснои ин сафар бо роҳбарони ҳайатҳои узви СММ, раҳбарияти созмони мазкур ва сохторҳои зертобеи он, намояндаҳои ташкилоту созмонҳои давлатӣ мулоқот мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)