Мақоми аввали Тоҷикистон дар рейтинги тандурустӣ
Тоҷикистон дар рейтинги тандурустӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ садрнишин аст. Раддабандии мазкурро ширкати амрикоии Bloomberg таҳия кардааст.
Коршиносони Bloomberg аснои таҳияи рейниги мазкур давомнокии умр, мизони маргу мир миёни сину соли мухталиф, сатҳи фавти модарон, мизони маризиҳои сирояткунанда, бо шумули ВИЧ/СПИД, сатҳи эмгузаронии аҳолӣ, истифодаи тамоку ва машрубот, мизони фарбеҳшавӣ, фишорбаландӣ, ифлосшавии муҳити зист ва таваҷҷуҳи аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солиму варзишро ба назар гирифтаанд. Маълумот дар бораи ин нишондодҳоро онҳо аз гузориши СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дарёфт кардаанд.
Нишондодҳо аз рӯйи шкалаи 100-баллӣ баҳогузорӣ шудааст (имтиёз ҳар қадар зиёд бошад, мизони сиҳатии аҳолӣ ҳамон андоза беҳтар аст).
Тоҷикистон бо 38,27 имтиёз миёни кишварҳои Осиёи Миёна аввал ва дар раддабандии умумӣ мақоми 84-ро муаррифӣ мекунад. Узбакистон 37,89 балл дошта, дуюм аст (85 дар рейтинги умумӣ). Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон мутаносибан 24,68, 21,88 ва 18,41 имтиёз доранду дар рейтинги умумӣ зинаҳои 101, 104 ва 111-ро ишғол мекунанд.
Рейтинги Bloomberg 145 кишварро дар бар гирифта, дар мақоми аввал Сингапур бо 89,45 балл қарор дорад. Италия бо 89,07 имтиёз дуюм ва Австралия бо 88,33 имтиёз сеюманд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)