“Судбозӣ”-ҳо бо журналистон, интихоботи парлумонӣ ва аҳзоби сиёсӣ
Сайф САФАР
Қазияҳои Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” бо кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд, Орзӯ Исоев, ровии радиои “Имрӯз” бо Ширкати “Квестнет” ва Назири Нусрату Исфандиёри Назар, сармуҳаррир ва хабарнигори нашрияи “ИмрӯзNews” бо Аброри Зоҳир, раҳбари Идораи фурӯши китоб ва паҳни матбуоти даврӣ, ҷомеаи рӯзноманигории тоҷикро нигарон кардааст. Коршиносон ин даъвоҳоро шурӯи фишор ба журналистон дар арафаи интихоботи парлумонӣ, ки соли 2015 дар назар аст, медонанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, “як назарпурсии мо нишон дод, чунин фишорҳо дар оянда зиёд хоҳанд шуд ва мақомоти давлатӣ талош мекунанд, фаъолияти рӯзноманигоронро таҳти контрол қарор диҳанд”.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО бар ин назар аст, ки афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи журналистон як падидаи ҷомеаи мардумсолорист, аммо ӯ мегӯяд, аз натиҷаи додгоҳии ин қазияҳо нигарон аст: “Баҳсҳои додгоҳии 2-3 соли ахир дар аксари ҳолатҳо бар зарари расонаҳо меанҷомад, чун додгоҳҳои мо на ҳамеша аз меъёри адолат кор мегиранд. Дар таҷрибаҳои додгоҳии рӯзноманигорон дида мешавад, ки даъвоҳои ҷониби дигар бештар ба инобат гирифта мешавад”.
Оқои Шарифзода мегӯяд, чун расонаҳо ва фаъолияти журналистӣ бештар хосияти сиёсӣ дорад дар марҳилаҳои муайяни рушди ҷомеа, бахусус дар марҳилаҳои пеш аз интихобот ва дар рафти он баҳсҳо ва ҳатто ба додгоҳ кашиндани рӯзноманигорон зиёдтар ба миёни меояд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори шинохта Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, интизор надорад, ки қазияҳои додгоҳӣ дар арафаи интихоботи парлумонӣ бештар мешаванд. Ӯ расонаҳои кишварро дар раванди интихобот бетаъсир хонда, афзуд: “Нашрияҳои мустақил бо теъдоди ночиз ба нашр мерасанд ва мутаассифона доираи хонанда ва муштарии онҳо аз интихоботи гузаштаи парлумонӣ то навбатӣ на бештар, балки коҳиш ёфтааст. Дигар ин ки бо ҳамин теъдоди ночиз ҳам дар бештарини ҳолот онҳо рисолат ва нақшу миссияи худро ба иҷро намерасонанд”.
Ҷаноби Қаюмзод бар ин назар аст, расонаҳои Тоҷикистон матолиберо ба нашр мерасонанд, ки дархури завқу интизороти хонанда бошад. “Ба хусус масоили сиёсӣ ва камбуду навоқиси ҳукумат, раиси ҳукумат ва аъзои ҳукумат тақрибан, ки ба мушоҳида намерасад. Матбуоти мо ҳоло айни аҳзоби сиёсии мухолиф аст, ки аз мавҷудияти онҳо ва аз амалу феъли онҳо чизе тағйир намеёбад ва аслан бо онҳо ҳисоб ҳам намекунанд”,-мегӯяд ӯ.
Ин рӯзноманигор, ҳамчунин таъкид кард, ба додгоҳ кашидани хабарнигорон маънои онро надорад, ки онҳо метавонанд дар фазои интихоботӣ асаре дошта бошанд: “Аз ба додгоҳ кашонидани хабарнигор мусибат ва фоҷиа набояд тарошид. Бигзор бошад. Чун дар низоми мардумсолорӣ даъво муқобили рӯзноманигор як амри табиӣ дониста мешавад”.
Бо ин ҳама гуфта мешавад, фазои интихоботии солҳои пеш ҳама гуна маҳдудятҳо барои рӯзноманигоронро дар пай дошт, ки қатъ шудани интернет, масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоию торнамоҳои хабаргузориҳо аз шумули онанд. Бархе соҳибназарон мегӯянд, дар интихоботи парлумонии соли 2015 низ чунин ҳолатҳо такрор хоҳанд шуд, аммо афзоиши қазияҳои додгоҳӣ нисбат ба журналистону расонаҳо ҳам ба ин қатор ворид мешавад ё на, вақт нишон медиҳад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)