(ВИДЕО) Суол аз роҳгузарон: Барзу Абдураззоқовро мешиносед?
Хабаргузории “Озодагон” имрӯз, 19-уми сентябр, дар 55-умин солгарди мавлуди Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик аз роҳгузарон дар Душанбе суол кард, ки оё Абдураззоқовро мешиносед? Аксари ҳамсуҳбатҳои мо аз ҳисоби миёнасолон бо ҳаёт ва фаъолияти Барзу Абдураззоқов шинос буданд, аммо насли ҷавон изҳор доштанд, ки бори аввал ин номро мешунаванд:
Барзу Абдураззоқов 19-уми сентябри соли 1959 дар оилаи ҳунармандони асил - Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Соли 1976 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1980 онро хатм мекунад. Дар давоми солҳои 1980 то 1987 дар факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии Русия маъруф ба ГИТИС таҳсил кардааст. Фаъолияти касбияшро дар Тоҷикистон аз театри давлатии шаҳри Хуҷанд оғоз карда, минбаъд дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, театри драмавии русӣ ба номи Маяковский, театри драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе идома додааст. Беш аз 50 асарро ба саҳна гузошта, соҳиби чандин ҷоиза ва унвонҳо мебошад.
Абдураззоқов давоми 8 моҳи ахир дар Бишкек кор карда, ният дорад, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон назди хонаводааш баргардад.