Интиқоди Додихудо Саймиддинов аз забоншиносони тоҷик
Додихудо Саймиддинов, собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз таҳқиқ нагардидани бархе истилоҳот аз ҷониби забоншиносон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ҳеч забоншиносеро намедонад, ки як истилоҳро ба таври комил таҳқиқ ва шакли дурусти онро пешниҳод карда бошад.
Додихудо Саймиддинов, ки имрӯз, 19 сентябр дар нишасте бахшида ба Рӯзи забон суҳбат мекард, таъкид намудааст, забоншиносон одат кардаанд, ҳар чиро ки дар форсӣ мегӯянд, гирифта, ба мардуми тоҷик пешниҳод намоянд: “агар инсоф дошта бошем, истинод мекунем, агар надошта бошем, намекунем”.
Ба гуфтаи ӯ, вазифаи забоншиносон ба ҷуз таълими забон, таҳқиқи он низ ҳаст. Вай меафзояд, “аснои баҳсҳо бояд бо андешаи тоза нисбат ба масоили рушди забони тоҷикӣ ҳамчун як шохаи забони муштараки форсии дарӣ муносибат карда шавад, на ин ки бо таъсири забонҳои бегонаи минтақа, ки дар даврони мухталиф сурат гирифтааст, маҳдуд шавем”.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот низ зимни баромадаш дар ин ҳамоиш гуфтааст, садсолаи охир унсурҳо ва қолабҳои вожасозии бегона дар забон роҳ ёфта, забони моро махлут кардаанд.