Додситони Суғд: Пӯшидани либоси мардуми арабу покистониву эронӣ чӣ маънӣ дорад?
Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар нигаронӣ карда, аз онҳо хостааст, ба либоси миллӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Қурбонзода дар мулоқот бо раҳбарони макотиби олию миёна, мудирони шӯъбаҳои мақомоти маҳаллӣ, намояндагони уламои дини шаҳру вилоят, раисони маҳаллаҳои шаҳру шӯроҳои занон ва бибихотунҳои ин минтақа изҳор доштааст, занҳои тоҷик ҳоло аз фарҳанги либоспӯшии ниёкони худ рӯй гардонида, ба тақлиди мардуми арабу покистонӣ ва эронӣ пардохтаанд. Ӯ гуфтааст, “либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?”
Додситони вилояти Суғд дар идома аз бонувони ин минтақа даъват кардааст, ҳангоми интихоби сару либос фарҳанги ниёкони худро ба назар бигиранд: “Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёкон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем? Амалҳои мо асосан аз урфу одат сарчашма мегиранд ва ҳуқуқҳои мо низ дар асоси урфу одат пайдо шудаанд”.
Ба дунбол, додситони вилояти Суғд фазои динии кишварро мусоид арзёбӣ карда, аз сокинон хостааст, тағйири мазҳаб накунанду зери ниқоби дин ба амалҳои ҷиноӣ даст назананд: “Дар ҳаққи дини мубини Ислом ва иҷозати давлат дар озодии виҷдон хизмати хирсона кардан нашояд. Дар қаламрави кишвар 4000 масҷид амал мекунад. Марҳамат, намоз хонед, рӯза гиред, ибодат кунед! Аммо ба мамлакатҳои ғайр пайравӣ накунед”.
Шариф Қурбонзода дар идома ба шарҳи сабабҳои даст задани шаҳрвандони кишвар ба худкӯшӣ пардохта, дар он бетаваҷҷуҳии раисони маҳаллаҳо ва сокинонро низ яке аз омилҳо донистааст: “Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд омилҳои гуногун доранд, масалан бемории асаб, бемориҳои вазнин ва хушунати оилавӣ. Суоле пеш меояд, модоме 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯйхати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад”.
Ӯ аз ҳолатҳои хариду фурӯши одамон низ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, гуфтааст, аз аввали соли ҷорӣ то кунун 19 ҷинояти хариду фурӯши инсон ба қайд гирифта шудааст: “Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)