Зимни намоиши як филми мустанад аз ҳаёту муборизаи Аҳмадшоҳ Масъуд , шоми 9-уми сентябр, шабакаи телевизиони ҷаҳонии «Ориёно» эълом дошт, ки шаҳодати ӯ расидан ба саодат аст. Ҳамзамон, дар аксари манотиқи Афғонистон дар чаҳорчӯби ҳафтаи поси хотири шаҳидон, аз корномаҳои Шери Панҷшер ёд мекунанд. Дар маросиме дар Фарёб раҳбарони эътилофи шимол, аз ҷумла вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдуллоҳ хизматҳои Масъудро ёд карданд. Дар як маросиме дар Кобул бародари Аҳмадшоҳ – Аҳмадвалӣ Масъуд дар баробари хабарнигорон чунин гуфт: “Эҳсоси ифтихор ва эҳсоси ғурур мекунам, ки ин миллати посдори Афғонистон, ки мо аз хизматҳояш сипосгузор ҳастем, ҳамин рӯзу ҳамин ҳафтаро ба хубӣ таҷлил мекунанд”.{jathumbnail off}