Убайдуллоев "зиреҳпӯшаш"-ро гузошта, дучархасаворӣ мекунад?
Темур Идрисов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик бо ирсоли номаи боз унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳдори Душанбе, хостори таҷлили рӯзи ҷаҳонии дучархасаворӣ дар пойтахт шудааст.
Дар ин номаи Идрисов ба шаҳрдории Душанбе аз ҷумла омадааст, “ҳамасола 22 сентябр аз сӯйи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мансабдорони давлатии бархе кишварҳои ҷаҳон рӯзи бидуни мошин ҷашн гирифта мешавад, то ба ҳама паём бидиҳанд, ки шаҳру маҳаллаҳо барои мардум сохта шудаанд, на мошинҳо”.
Ӯ дар идома аз афзоиши шумораи нақлиёт дар Душанбе нигаронӣ карда гуфтааст, ин раванд боиси зиёд шудани садамаҳои нақлиётиву банд шудани роҳҳо ва табдил ёфтани майдончаҳои бозии кӯдакон ба таваққуфгоҳи мошинҳо гардидааст: “Майдончаҳое ки бояд макони истироҳату бозии кӯдакон бошанд, ба таваққуфгоҳ табдил ёфтаанд, ки симои шаҳрро ба тарафи манфӣ нишон медиҳад. Аз ин рӯ, дучарха беҳтарин ҷойгузин барои мошинҳо дар як шаҳри хурд мебошад. Пойтахт метавонад, барои дучархасаворон як шаҳри хубе шавад. Вале мутаассифона мушкили дигар ин аст, ки дар Душанбе шароити одӣ барои дучархасаворон дида намешаваду хатарҳоеро низ дар пай дорад”.
Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идомаи номаи худ менависад: “Мақомоти маҳаллӣ ба ин чиз аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ягон тавақуфгоҳ ё таъмири дучарха дида намешавад ва ҳатто мо барои дучархасаворӣ роҳ ҳам надорем. Ман ҳамчун як сокини пойтахт бисёр мехоҳам дар як шаҳри озоду озода ва ҷомеаи солиму бехатар зиндагӣ кунам. Бидуни шак фароҳам овардани шароити аввалия барои дучархасаворӣ метавонад, шумораи нақлиётро дар Душанбе поин барад”.
Ин даъват дар ҳолест, ки 20 ва 21 сентябр дар Душанбе ҷашнвораи дучархасаворӣ баргузор мешавад. Дар ҷашнвора намоишгоҳи дучархаҳо, мусобиқаи дучархаронӣ миёни кӯдакон ва калонсолон ва барномаҳои фарҳангиву дилхушкунанда дар назар аст. Инчунин, дучархаронҳои ҳирфаӣ маҳорати худро ба намоиш мегузоранд. Суҳроб Раупов, менеҷери лоиҳаи “Идораи дурусти нақлиёт дар шаҳри Душанбе”-и Хазинаи ҳифзи муҳити зисти СММ, ки ҳамроҳ бо Федератсияи варзиши дучархаронӣ, яке аз ташаббускорони ин чорабинӣ аст, мегӯяд, “ташвиқи варзиши дучархаронӣ ва тарғиби тарзи солими зист аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ мебошад”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)