Ҳушдори СММ ба номзадҳои интихоботии раёсатҷумҳурии Афғонистон
Созмони милали муттаҳид аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон хостааст, то ду рӯзи дигар ба тавофуқ бирасанд. Ин созмон ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, дар сурати расидан ба тавофуқоти сиёсӣ ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ кумаки милиард долларӣ дарёфт хоҳанд кард.
Ян Кубиш, намояндаи СММ дар Афғонистон ба Шӯрои амнияти созмон гуфтааст, буҳрони интихоботӣ ба афзоиши ҷангҳо дар Афғонистон кумак кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон мегӯяд, барои расидан ба натиҷаи фаврӣ ва сареъ қарор аст бузургони ҷиҳодӣ ва сарони қавии сегона бо ду номзади интихоботи ҷанҷолии раёсати ҷумҳурӣ гуфтугӯ кунанд. Ин тасмим дар нишасти дирӯзаи Ҳомид Карзай ва сарони давлатӣ баррасӣ шудааст. Дар ин нишаст Сибқатуллоҳ Муҷададӣ, Сайид Аҳмад Гелонӣ, Абдурасул Сайёф, Қиёмиддин Кашоф, Неъматулло Шаҳронӣ ва Муҳаммад Исмоил аз чеҳраҳои ҷиҳодӣ ва раисони ду маҷлис ва раиси додгоҳ иштирок доштаанд. Ин бузургони ҷиҳодӣ ва сарони қувваи сегона аз гуфтугӯи чандрузаи бенатиҷа миёни номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кардаанд ва тасмим гирифта шуд, то имрӯз барои расидан ба натиҷаи фаврӣ ва қабл аз эъломи натоиҷи баррасиҳо дидор доштан бошанд.