Ҳалокати Ҷӯрабек Муродов дар садама ва боздошти ронандаи фирорӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Ҷӯрабек Муродов, рӯзи 18-уми сентябр дар километри 35-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дарёфт гардидааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни тафтишот муайян шудааст, ки ин сокини 61-солаи Варзобро ронандаи автомашинаи номаълум пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Ба иттилои манбаъ дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «ХОВО», Давлатов Шариф соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи Варзоб дастгир гардид, ки дар ин қазия муттаҳам мешавад. Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.