ВИДЕО: Баҳси як клип дар интернет: Аз "паст задани тоҷикон" то рэпҳои "бемаънӣ"
Дар интернет клипҳои зиёди сарояндаҳо нашр мешавад, аммо шумори ками онҳо зери борони комментҳо қарор мегиранд. Яке аз чунин клипҳо "Бевафо" дар иҷрои Тахмина Одинаева ва рэпсаро Шон МС аст, ки давоми як ҳафта дар шабакаи "Топ-видео" зери он беш аз 100 шарҳ навиштаанд.
Мазмуни шарҳҳо ҳам мухталиф аст. Бархеҳо иддао доранд, чунин клипҳо обрӯи тоҷиконро мерезонад. "Паст заден бо ин клиптон тоҷикҳоро",-навиштааст яке, аммо нагуфта, чӣ дар ин навор нишонаи "паст задан" аст. Корбари дигари шабака менависад, буҷаи клип ҳудуди 200 сомонӣ аст ва он ҳам барои иҷораи "катер" ва "скутер". Қисме ҳам ба либосу ҷусаи сарояндаҳо хурдагирӣ кардаанд.
Аммо як қисмати баҳсҳо миёни ҳаводорон ва мунақидони Шон МС аст. Бархеҳо гуфтаанд, ӯ рэпсарои хуб нест ва рэпҳояш "маънӣ" надоранд. Иддаое, ки барои ҷонибдорони ӯ, хуш наомадааст. Онҳо мунақидонро дар "ғайбат" муттаҳам мекунанд. "Шон-да гап нест. Ба касе ки маъқул нест, клипҳояшро тамошо накунад",-гуфтааст яке азҳаводорон. Нафари дигар дубора ба мавзӯи клип баргашта менависад: "Ман мухлиси Шон нестам, аммо ин клипаш беҳад писанд омад".
Тахмина Одинаева ба тозагӣ вориди шоу-бизнеси тоҷик шудааст. То имрӯз чанд таронаи ӯ ба бозор баромада ва клипҳояш дар фурӯшанд. Ин дувумин дуэти ӯ бо Шон МС аст. Аз ин пеш клипи "Майда-майда"-и онҳо муаррифӣ шуд. Шон МС ё Шаҳбоз Шарипов аз шумори рэпсароҳои раддаи аввали кишвар аст. Як консерти ӯ дар Кохи Ҷомии пойтахт баргузор шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)