Тиҷорати мошин, куштор ва боздошти тоҷикон дар Маскав
Раёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Калуга мегӯяд, куштори сокини 38-солаи Маскав, ки ҷасадаш 18-уми сентябр дар ҳудуди деҳаи Ястребовкаи ноҳияи Ферзикови ин вилоят ёфт шудааст, дар пайи нофаҳмиҳо зимни тиҷорати мошин сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ кушташуда мошинҳои гаронарзиши шикастаро таъмир карда, мефурӯхтааст. Раёсати тафтишотӣ мегӯяд, феълан ба иттиҳоми куштори ӯ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як сокини Маскав боздошт шудаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшудагон аллакай эътироф кардаанд, ки марҳумро барои он куштаанд, ки мехостаанд, мошинҳояшонро соҳиб шаванд. Онҳо баъди куштор талош намудаанд, ки ҷасадро дар вилояти Калуга пинҳон кунанд, аммо боздошт гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти қазоқу қирғиз аз боздошти мошинҳои гаронарзиш бо асноди қалбакӣ хабар доданд, ки дар роҳ ба Тоҷикистон қарор доштаанд. Бархе аз коршиносони тоҷик низ нисбатан арзон будани мошинҳои гаронарзишро дар Тоҷикистон ба он рабт медиҳанд, ки бархеяшон дуздӣ ва қисми дигар таъмиршудаанд.