Даъвати ҳукумат барои фаъол будан дар иқдоми “Дастрасӣ ба вазир”
Ҳукумати Қирғизистон аз идома ёфтани иқдоми “Дастрасӣ ба вазир”-и худ дар чорчуби сиёсати “ҳукумати шаффоф” хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи иқдоми мазкур раҳбарони идораву вазоратҳои давлатии Қирғизистон дар як ҳафта ду бор тавассути ВАО дар мавриди фаъолият ва масъулияти худ дар соли 2014 гузориш медиҳанд. Инчунин, мансабдорони қирғиз дар доираи иқдоми “Дастрасӣ ба вазир” ба саволу дархостҳои сокинон ҷавоб хоҳанд гуфт. Марҳалаи дуюми ин иқдом аз 22 сентябри соли ҷорӣ оғоз мешавад.
Бар асоси барнома дар нахустин рӯзи “Дастрасӣ ба вазир” вазири мудофиаи Қирғизистон баромад карда, 25 сентябр вазири фарҳанг ва рӯзи 29 сентябр вазири адлияи Қирғизистон ба суолҳои сокинон ҷавоб хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Қирғизистон аз сокинон ва ВАО-и кишвараш даъват кардааст, дар ин иқдоми пешгирифтааш фаъолона иштирок намоянд.