Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 16 зина ақиб рафтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави ФИФА мавқеашро нисбат ба раддабандии моҳи гузашта 16 зина аз даст дода, ҷойи 136-умро муаррифӣ мекунад.
Шумораи имтиёзҳои мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нав 213-ро ташкил медиҳад, ки аз моҳи сипаришуда 39-то камтар аст. Ба ин минвол, миёни 46 яккачини Конфедератсияи футболи Осиё дар зинаи 19 аст ва ду зина поинтар аз моҳи август.