Ҳуввияти тоҷики фавтида дар шуъбаи пулиси Солнечногорск маълум шуд
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шахсияти тоҷики фавтида дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Солнечногорскро муайян кардааст.
Иброҳим Аҳмадов, масъули ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ин нафар зодаи ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор, Фаррух Арозови 39-сола будааст.
Ба иттилои манбаъ аз рӯи ҳодисаи марги ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи бозпурсӣ дар идораи пулиси Солнечногорски назди Маскав рух додааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ ин шаҳрванди тоҷик ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтар дар Солнечногорск, ки бегоҳи 17-уми сентябр рух додааст, боздошт гардидааст. Аммо шаби 17 ба 18-уми сентябр ба шуъбаи пулис кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шудаанд, ки марги ин муҳоҷирро тасдиқ кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар ҷасади муҳоҷири тоҷик пайи латукӯби шадид намудор буда, чанд устухонаш шикастаанд.