Дарёфти 17 кило ҳероин аз "Кемрӣ"-и афсарони пулис дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди ин ниҳод бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар додааст.
Гуфта мешавад, Ҷамолиддин Раҷабови 27-сола, нозири калони Гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва Далер Ғаюрови 28-сола, нозири Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии баталиёни Хадамоти “Муҳофиза” дар пай як амалиёт дар шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, зимни азназаргузаронӣ аз автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Раҷабов, “аз дохили бағоҷи он, аз сумкаи варзишӣ, дар дохили бастаҳои селофанӣ, тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи ҳероин, дарёфт ва мусодира шуд”.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.