Боздошти Далер Нақибов аз ҷониби Кумитаи амният
Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, Нақибов аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудааст. Бархе аз кормандони қатории Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар суҳбати бидуни сабт ба "Озодагон" вуҷуд доштани чунин сарусадоро таъйид карда, афзуданд Нақибовро ҳамчун корманди поквиҷдон мешиносанд ва ба фасодкории ӯ бовар надоранд.
Гуфта мешавад, ки дар ин робита Манучеҳри Маҳкам, сардори раёсати консулӣ ва роҳбари бевоситаи Нақибов низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Манучеҳри Маҳкам писари Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран дар симмати раҳбари сарраёсати консулии Тоҷикистон Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз намуд.
Дар ҳамин ҳол расман Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ накард ва дар Кумитаи амнияти миллии кишвар низ аз шарҳи он худдорӣ намуданд.