Баҳси CASA-1000 дар мулоқоти муовини нахуствазир ва сафири ИМА
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон зимни мулоқот бо Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон лоиҳаи CASA-1000-ро баррасӣ кардаанд.
Дар ин дидор, ки имрӯз, 18 сентябр баргузор шудааст, ҷонибҳо аз роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 гуфтаанд.
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур Агентии рушди байналмилаллии Амрико 7,5 миллион доллар, Бонки ҷаҳонӣ 45 миллион доллар ва Бонки исломии Рушд 70 миллион доллар сарамоягузорӣ мекунанд.
Арзиши қисмати Тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000, 314 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа бо Хазинаи “Рушди иқтисодии Араб”, Хазинаи “Саудии Рушд”, Хазинаи “ОПЕК”, Хазинаи “Абӯдабби”, Хазинаи “Қатар” ва “Бонки аврупоии сармоягузорӣ” ҳамкорӣ дорад.