Шӯрои уламо ва Turajon.org дар бораи Иди Қурбону қурбонӣ
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, санаи дақиқи фарорасии Иди Қурбон дар Тоҷикистонро баъд аз 25 сентябр муайян хоҳад кард.
Неъматулло Олимов, ёвари раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, интизор меравад, 25 ё 26 моҳи ҷорӣ ҷаласаи навбатии шӯро баргузор шавад, ки яке аз мавзӯъҳои аслӣ дақиқ кардани рӯзи Иди Қурбон мебошад.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.
Бо наздик шудани Иди Қурбон, торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ба шарҳи рукнҳои қурбонӣ пардохтааст. Ин торнамо гуфтааст, ҳар нафаре, ки соҳиби 85 грам тилло ё тақрибан се ҳазор доллар аст, қурбонӣ кардан ба ӯ воҷиб мебошад. Ба навиштаи манбаъ, ба ин маблағ ашёи зиёдатӣ низ ҳисоб мешавад: “Шумо аз пули коғазӣ танҳо 500 доллар доред. Лекин либос, қолин, курпа ё ҳуҷраи зиёдатӣ ва ғайраро соҳибед, дар айни ҳол қарздор ҳам нестед, пас бар шумо қурбонӣ кардан ва додани садақаи фитр воҷиб мебошад”.
“Барои фарз шудани закот комил шудани соли қамарӣ шарт аст. Яъне, дар аввал ва охири сол бояд пули шумо ба қимати 85 гр тилло ва ё тақрибан 3 ҳазор доллар бошад. Вале дар вуҷуби садақаи фитр ва қурбонӣ пур шудани сол шарт нест. Ҳамин ки шумо шаби ид ва ё як рӯз пеш аз он соҳиби ин миқдор мол шудед, қурбонӣ кардан ва садақаи Фитр додан воҷиб мешавад”, - навиштааст Turajon.org.
Дар идомаи матлаб омадааст, шахси қурбоникунанда ихтиёр дорад, ҳамаи гӯшти қурбониро садақа ё дар хона барои аҳли оилааш нигоҳ дорад: “Аммо тибқи ҳадиси паёмбар (с) мустаҳаб аст, ки сеяки (33%) онро садақа бидиҳад ва сеяки дигарро барои меҳмонҳо ва ҳамсояҳо таом бипазад, сеяки дигарро пухта нигоҳ дорад”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)