Ҳалокати “қумандон” Салам зимни даргирӣ бо амниятиҳои тоҷик
Кумитаи амнияти Тоҷикистон аз ҳалокати Салам валади Мукофот, як қумандони маҳаллии афғон хабар дод, ки зимни даргирӣ дар минтақаи Шӯроободи Тоҷикистон нобуд шудааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод шоми 17-уми сентябр бо пахши як гузориш дар телевизионҳои давлатӣ гуфт, Салам валади Мукофот дар чанд ҳолати гаравгонгирӣ ва рабудани шаҳрвандони тоҷик муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ зимни амалиёти боздошт Салам ва ҳамроҳонаш муқовиммати мусаллаҳона нишон доданд, ки дар натиҷа худи ӯ ба ҳалокат расид ва шариконаш фирор кардаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, феълан дар пайи роҳбарони дигари гуруҳҳои ҷиноии навоҳии наздисарҳадии Афғонистон мебошанд, ки дар гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд.