АКС: Шайх Ҳолид ба Раҳмон бунёди Бонки исломиро ваъда кард
Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ, раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издони давлати Қатар, имрӯз, 18-уми сентябр дар мулоқот бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки дар Тоҷикистон як бонкеро бунёд мекунад, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки шайхи Қатар ҳамчунин тасмим гирифтааст, дар кишвар шифохонаи муосир бунёд кунад.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба фазои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баҳои баланд дода, изҳори умед кардааст, ки баробари ҳолдинги Издон, дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳанд кард.