Дубора боз шудани парванда алайҳи журналист Қамари Аҳрор ва эътирози вакил
Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд нисбат ба Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” дубора парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрорро, ки “барои итоат накардан ба амри пулис” муттаҳам мешуд, бо далели комил набуданаш баргардонд.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Қамари Аҳрор ба “Озодагон” гуфт, Шӯъбаи умури дохилии Хуҷанд нисбат ба зерҳимояаш ду парванда боз намудааст, ки комилан ғайриқонунӣ мебошад: “Айнан қарор ва протоколи пештараро рӯйбардор кардаанд, эътирози мо дар он аст, ки парвандаи нав аз санаи 12 сентябр такроран тартиб дода шудааст, дар ҳоле ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз нигоҳи мақомот санаи 6 август ҷой дошт ва чӣ тавр 12 сентябр вобаста ба як амалу кирдор, боз парванда оғоз мешудааст!? Яъне, як шахсро барои як кирдор ду маротиба ба ҷавобгарӣ кашида истодаанд, ки ғайриқонунӣ ва беасос мебошад”.
Файзинисо Воҳидова мегӯяд, аз болои Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда, тақозои бекор намудани қарор ва протоколҳо дар санаҳои 6 август ва 12 сентябрро кардааст. Қаблан худи Қамари Аҳрор, аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб намуд, ки бино бар ҷой надоштани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муносибаташ бо пулиси шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро қатъ кунад. Ин парванда дар заминаи шикояти Зафар Сӯфиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, боз шуд.
Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Ҷаноби Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷойизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.
Қамари Аҳрор яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар Хуҷанд кор мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)