“Тоҷикистонро чангбод, борон ва барфрезӣ интизор аст”
Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз номусоид омадани боду ҳаво дар кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябри соли равон дар кишвар ҳавои номуътадил дар назар буда, дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва баландтар аз 3 ҳазор метр барф меборад: “Дар бархе аз ноҳияҳои Хатлон ва навоҳии тобеи марказ чангбод сурат хоҳад гирифт.”
Обуҳавошиносон таъкид мекунанд, ки тайи ду рӯзи оянда ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар кишвар то 5-6 дараҷа, дар минтақаи Суғд то 8-10 дараҷа поёнтар меравад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)